Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати даҳҳо тан дар садамаи қатори Русия


Бар асари аз роҳаш хориҷ шудани як қатор дар Русия даҳҳо нафар куштаву маҷрӯҳ шудаанд. Қатори мусофиркаши Маскав - Санкт Петербург шоми ҷумъа ба ин фалокат дучор шудааст. Ба гуфтаи мақомоти расмии Русия, бино ба иттилоъоти аввалия, дар ин садама тақрибан 30 нафар кушта ва ҳудуди 100 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Теъдоди тамоми мусофирони осебдида то кунун маълум нест. Владимир Якунин – мудири ширкати миллии роҳи оҳани Русия, гуфт, маводи таркандаи ҷогузоришуда дар зери қаторҳо шояд, сабаби аз роҳашон хориҷ шудани чанд вагон шуда бошад. Додситонии Русия дар робита ба ин қазия, бо иттиҳомоти терроризм ва ҳифзи ғайриқонунии маводи мунфаҷира парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
XS
SM
MD
LG