Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Молдова интихоботи такрории президентӣ доир мешавад


Парлумони Молдова қарор кард, ки рӯзи 7 декабр такроран интихоботи раёсатҷумҳурӣ баргузор шавад. Талоши интихоби сарвари кишвар дар иҷлосияи рӯзи 10 ноябр ноком поён ёфта буд – номзади ягона ба мақоми раисиҷумҳур, раҳбари Ҳизби демократ Мариан Лупу, ба дарёфти раъйҳои зарурӣ муваффақ нашуд. Барои соҳиби курсии раисиҷумҳур шудан номзад бояд беш аз 60 раъйи вакилони парлумонро ба даст оварад.
Дар сурати ноком анҷом ёфтани интихоботи такрорӣ парлумони Молдова пароканда ва интихоботи нави парлумонӣ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG