Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди шадиди МАГАТЭ аз Эрон


Дар нишасти Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ (МАГАТЭ) дар Вена, пойтахти Австрия, барои нахустин бор дар се соли ахир қатънома бо интиқоди шадиди Эрон барои барномаи ҳастаияш пазируфта шуд. Аз ин қатънома 25 кишвар аз 35 мамолики узви Оҷонс, аз ҷумла, аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ, пуштибонӣ карданд. Дар ин қатънома аз Теҳрон даъват шудааст, ки корхонаи нави ғанисозии ураниуиро бандад, ҳадафи таъсиси онро ташреҳ кунад ва собит намояд, ки муассисаҳои нави ҳастаӣ бунёд карданӣ нест. Қатъномаи МАГАТЭ баъд аз он пазируфта шуд, ки мақомоти Эрон пешниҳоди ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар мавриди ғанисозии урани рақиқи Эрон дар дигар кишварҳоро сарфи назар карданд. Намояндаи Эрон дар Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ҳушдор дод, ки аз лаҳни таҳдид дар баробари кишвараш парҳез карда шавад.
XS
SM
MD
LG