Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин зани маҳбус ба озодӣ баромад


Охирин зани маҳбус аз муассисаи тафтишотии Хоруғ озод шуд. Ба гуфтаи сардори шӯъбаи тафтишоти додситонии Бадахшон Далер Музофиршоев, дар Додгоҳи олӣ мавриди баррасӣ қарор доштани парвандаи ҷиноӣ нисбати сокини ноҳияи Дарвоз Тилло Мансурова сабаби ба таъхир афтодани раҳоии ин зан аз маҳбас гардидааст.

Ба гуфтаи сардори шӯъбаи тафтишотиӣ, бинобар мушкилоти боду ҳаво бозгашти парванда аз Душанбе ба Хоруғ метавонад ба муддати зиёдтар аз моҳ тӯл кашад ва бо дархости онҳо ахиран парванда бо дасти ашхоси масъул ба додситонии вилоятӣ расид ва додстонӣ дар мавриди раҳоии ин зан тасмим гирифт.

Аммо вакили мудофеъ Қурбоншо Сафариев мегӯяд, ки агарчи таъиноти додситонӣ дар мавриди боздоштшуда, ба мӯҳлати шаш моҳ муқаррар шудааст, қариб нӯҳ моҳ аст, ки ин зан дар маҳбас қарор дошт ва бидуни расидани парванда дар асоси фармон дар бораи афв ва забонхат оид ба берун нарафтан аз маҳалли истиқомат ин занро аз маҳбас ҷавоб додан мумкин буд.

Тилло Мансурова, сокини деҳаи Умаркаи ноҳияи Дарвоз, ба ҷурми бадрафторӣ нисбати духтари ноболиғаш муттаҳам шуда, аммо додгоҳи ноҳиявӣ парвандаро ба далели пурра собит нашудани далелҳо ба тафишоти иловагӣ баргардондааст.

Аммо хешовандони Тилло Мансурова мегӯянд, ки пас аз озод шудани маҳбус онҳо барои боздошти ғайриқонунӣ аз болои мақомоти тафтишотӣ ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.

Дар маҳбаси Хоруғ фақат ду зан қарор дошта, якеи дигар - шаҳрванди Узбакистон дар рӯзҳои аввали татбиқи қонун дар бораи афв ба озодӣ баромад. Ба иттилои додситонӣ, дар асоси қонуни афв аз муассисаи тафтишотии Хоруғ 13 кас ҷавоб дода шудааст.
XS
SM
MD
LG