Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба зоирони тоҷик аз офати табиӣ осебе нарасидааст


Давлат Назрӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки ба зоирони тоҷик дар Арабистони Саудӣ аз селу ярчи шадид осебе нарасидааст. Вай ба нақл аз сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ гуфт, зоирони тоҷикистонӣ сиҳату саломатанд ва бидуни мушкиле ба фароизи зиёрату ибодат мушғуланд. Қаблан аз Арабистони Саудӣ хабар расид, ки бар асари сел дар шаҳри Ҷиддаи ин кишвар даҳҳо нафар ба ҳалокат расидаанд. Гуфта мешавад, аввалин бор дар чанд даҳсолаи ахир борони сахт дар Арабистони Саудӣ ба маросими ҳаҷ рост омадааст. Имсол 5300 сокини Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷҷи акбар вориди Саудӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG