Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони ҳукми як узви Ҷунбиши исломии Узбакистон


Додгоҳи вилояти Суғд сокини ноҳияи Исфара ва узви Ҷунбиши исломии Узбакистон Бахтиёр Ҷӯраевро бо чанд иттиҳом, аз ҷумла, куштор ва ташкили созмони ҷиноӣ, барои 25 сол равонаи зиндони низомаш шадид кард. Тибқи ин ҳукм, молу маводи ӯ мусодира хоҳад шуд. Ба гуфтаи мақомоти додгоҳӣ, Бахтиёр Ҷӯраев моҳи майи соли 2008 довталабона ба Ҷунбиши исломии Узбакистон пайваста ва супоришҳои аъзои фаъоли ин ҷунбиш Абдураҳим Умаров ва Абдухолиқ Бобоевро иҷро мекардааст. Тафтишот собит кардааст, ки ин се нафар, аз ҷумла, дар сӯиқасд ба ҷони корманди милисаи шаҳри Исфара, майор Боҳир Юлдошев даст доранд. Бар асари ин сӯиқасд Юлдошев ҷароҳати сангин бардошт ва аз дидаи бино маҳрум шуд.
Бахтиёр Ҷӯраев 18 августи соли равон аз сӯи нозирони роҳ боздошт гардид ва аммо ба ҳамсафарони ӯ Абдураҳим Умаров ва Абдухолиқ Бобоев муяссар шуд, ки фирор кунанд.
XS
SM
MD
LG