Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бозгашти Селайя боз зери суол қарор гирифт


Додгоҳи олии Ҳондурас раванди дар мақом барқарор кардани раисиҷумҳури пешин Мануэл Селайяро боздошт. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, додгоҳ изҳор намуд, ки алайҳи Селайя чанд иттиҳом эълон шудааст, ба ин хотир ӯ то поёни тафтишот наметавонад дар мақомаш барқарор шавад.
Изҳороти додгоҳ дар арафаи овоздиҳӣ дар парлумон дар мавриди дубора курсии раисиҷумҳурро ишғол кардани Селайя пахш гардид. Аз ин пеш худи Селайя эълом дошт, ки агар тасмим дар бораи дар мақом барқарор шуданаш баъд аз 29 ноябр гирифта шавад, ӯ аз ишғоли мақом худдорӣ хоҳад кард. Қарор аст 29 ноябр дар Ҳондурас интихоботи раёсатҷумҳурӣ доир шавад.
Мануэл Селайя моҳи июни соли равон бар асари як кудатои низомӣ аз мақом барканор шуда буд.
XS
SM
MD
LG