Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Иттиҳоди гумрукӣ таъсис хоҳад шуд


Қарор аст имрӯз сарони Русия, Белорус ва Қазоқистон дар шаҳри Минск зери созиш дар бораи таъсиси Иттиҳоди гумрукӣ имзо гузоранд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, тибқи ин санад, таъоруфаи ягонаи гумрукӣ аз 1 январи соли 2010 ҷорӣ хоҳад шуд. Дигар масоили марбут ба гузариш ба иттиҳоди ягонаи гумрукӣ бояд тайи якуним соли оянда ҳаллу фасл шаванд.
Рӯзи панҷшанбе раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев изҳор намуд, ки кишвараш барои пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ омода аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG