Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонони гуштии камарбандии Тоҷикистон


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии камарбандӣ бо пирӯзии паҳлавонони вилояти Суғд ба анҷом расид.

Дар ин мусобиқа, ки дар Қасри «Юбилейний»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, беш аз 100 варзишгар аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат карданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ дар 5 вазн гуштигирони шаҳри Истаравшан – Сӯҳроб Ёриев (то 60 кг), Муҳаммадғанӣ Шарифзода (то 66 кг), Ризомат Қурбонов (то 73 кг), Ҳусниддин Тошмуродов (то 81 кг) ва Юлчибек Тошмуродов (то 90 кг) - ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Дар се вазни дигар варзишгарони ноҳияи Мастчоҳ – Маҳмад Миров (то 100 кг), Маҳмадрисол Миров (+100 кг) ва Мирзосалим Ёров (вазни мутлақ) - ҷойҳои аввалро касб карданд.
XS
SM
MD
LG