Пайвандҳои дастрасӣ

Илҳом 18 сол дорад, вале аллакай шаш сол боз ба асппарварӣ машғул аст. Вай то имрӯз борхо дар мусобикахои асптози пируз шудааст. Илҳом ҳоло дар як урдугоҳи тобистона дар Қайроққум ба парвариши аспҳо машғул аст. Ӯ мегӯяд, орзуи деринааш ин аст, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ аспҳои хушзоти тоҷикиро муаррифӣ кунад.

Мӯҳсин Ҷӯраеви 26-сола сармураббии парваришгоҳи аспҳост ва мегӯяд, ният дорад ба Тоҷикистон аспҳои зоти англисиву арабиро ворид кунад, то барои истифода дар сабқатҳои дави варзишии ҷаҳонӣ омода шаванд. Ӯ мегӯяд, ҳоло дар бораи риштаи асппарварӣ маъмулан дар остонаи ҷашнҳои калони миллӣ ёд мекунанду, зуд фаромӯш мекунанд, ки аз ҳоли онҳо пурсон шаванд.

Ба гуфтаи Мӯҳсин, ҳудуди 30 аспи зотҳои англисӣ, туркманӣ ва тоҷикӣ дар парваришгоҳ нигаҳдорӣ мешаванд. Дастрасии ғизову харҷҳои дигар барои аспҳои ин парваришгоҳро соҳибкор Даврон Алиев ба ӯҳда гирифтааст. Мӯҳсин мегӯяд, барои нигаҳбонии ҳар як асп дар давоми сол кам ё беш аз 5 ҳазор сомонӣ лозим аст, то бо маводи ғизоӣ ба мисли ҷаву юнуҷқа таъмин гарданд.

Бо ин ҳама мушкилоти соҳа, мусоҳибони мо шукр мекунанд, ки борҳо дар маъракахои асптозии ҷумҳурии ҳамҷавори Узбакистон ба гирифтани ҷои аввал сарфароз гардидаанд. Ин ҷавонон дар сабқати асптозии «Наврӯз» низ дар масофаи 2 ҳазор метр бар асптозони дигар дастболо шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG