Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди САҲА аз ТВ-ҳои давлатӣ


Телевизионҳои таҳти таъсири давлат монеъи пешрафти демократия дар Русияву Беларус ва аксарияти кулли кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ва Қафқози ҷанубӣ шудаанд. Ва сӯиистифода аз минбари ин телевизонҳо ба ҳайси як василаи пропаганда метавонад амният ва сулҳи байналмилалиро дучори хатар кунад. Чунин аст бардошти Миклош Ҳарастӣ, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар умури озодии баён дар анҷоми маъмурияташ.

Телевизионҳо – минбари тарғиби чеҳраҳои ҳукуматӣ


Оқои Ҳарастӣ, ки баъди чанд моҳ тарки ин мақом мекунад, дар мақари САҲА дар Вена дар як сӯҳбат бо хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфт, шабакаҳои телевизионӣ дар бахши аъзами паҳнои шӯравии собиқ ҳатто агар дар дасти давлат ҳам набошанд, ба ононе тааллуқ доранд, ки бо соҳибони қудрат дар ин кишварҳо хеле наздиканд ва ба истилоҳ, аз хатти кашидаи раҳбари аввал берун пой намениҳанд. Дигарандеши собиқи маҷорӣ гуфтааст, то замоне ки расонаҳои телевизионӣ дар дасти давлат боқӣ мемонанд ва ё агар ҳатто хусусӣ ҳам шаванд, ба дасти ёрони наздик ва ҳатто аъзои хонаводаи раҳбарони давлатҳо мегузаранд, наметавон дар бораи интихоботи озод ҳарф зад, ва ҳам наметавон дар бораи демократияи асиле, ки мардум тавонад ахбори воқеъӣ ва барояш лозимро аз телевизион дарёфт кунад, сӯҳбат кард.

Миклош Ҳарастӣ гуфтааст, ин давлатҳои шӯравии собиқ ҳатто агар телевизионҳои мардумиеро ҳам ба роҳ андохта бошанд, дар амал минбари ин шабакаҳо низ танҳо як василаи дигари пропаганда дар дасти ин давлатҳо шудааст.

Медведев зид аст...вале далелҳо дигаранд


Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ахиран гуфт, кадом пасрафтеро дар раванди озодии матбуот дар кишвараш ӯ намебинад ва мухолифони давлат дар Русия дар роҳи нашри паёмҳои худ ҳеҷ мушкиле надоранд. Назаре, ки мухолифин дар Русия қабул надоранд ва мегӯянд, аз замони ба қудрат расидани Владимир Путин ва дар аҳди вориси ӯ - Дмитрий Медведев – аксари расонаҳо, ба хусус шабакаҳои телевизионӣ таҳти таъсир ва нуфузи шадиди давлат қарор гирифтанд ва назари мухолиф аз экрани телевизион тайи солҳои охир дар Русия аслан шунида намешавад.

Дар кишвари худкомаи Беларус, ҳамин тавр, телевизион таҳти нуфузи беҳадди давлат фаъолият доранд ва матбуоти мустақили ин кишвар зери фишор ва таъқиби мудавоми давлат қарор гирифтааст.

Миклош Ҳарастӣ бо таъкид ба нақши телевизионҳои таҳти назорати давлат дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Югославияи собиқ, ки он кишварро ба гирдоби хун ва дар ниҳоят ба фурӯпошӣ кашонид, гуфт, дар дасти давлат будани назорати расонаҳои телевизионӣ мустақиман ба сулҳ ва амнияти байналмилалӣ таҳдид мекунад, чунки, ба эътиқоди ӯ, ин минбар метавонад ҳамчун василаи пропаганда истифода шавад.

«Восток – дело тонкое...»


Миклош Ҳарастӣ, намояндаи САҲА дар умури озодии баён, дар мусоҳибааш бо Ассошиэйтед Пресс зимни интиқод аз расонаҳои телевизионии кишварҳои пасошӯравӣ аз ягон кишвари мавриди нигарониаш дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз мушаххасан ном набурд. Вале кишварҳои Ғарб ва гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз давлати Озарбойҷон даъват кардаанд, фишор алайҳи матбуоти мустақилро бас кунад. Ин кишварҳову ин созмонҳо, ҳамин тавр, дар бораи озодии матбуот дар ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, изҳори нигаронӣ мекунанд.

Феълан дар Тоҷикистон 4 шабакаи саросарии телевизионӣ -Шабакаи аввал, “Сафина”, “Баҳористон” ва “Ҷаҳоннамо” барнома пахш мекунад, ки ҳамагӣ ба давлати Тоҷикистон тааллуқ мегиранд ва тавассути кумитаи махсуси радио ва телевизион идора мешаванд. Расонаҳои мустақиле, чун СМТ, низ дар Тоҷикистон фаъолият доранд, вале имконоти фаннӣ ва қаламрави пахши барномаҳои телевизионҳои ғайридавлатӣ дар ин кишвар хеле маҳдуд буда, давлат тавассути ниҳодҳое, чун кумиссиюни муҷаввиздиҳӣ, майдонро барои фаъолияти онҳо танг кардааст.

Тайи солҳои охир фаъолият ва пахши барномаҳои чандин расонаи мустақили телевизионӣ дар Тоҷикистон қатъ ваё барои муддатҳо мутаваққиф шудааст, ки “Сомониён”-у “Ҷаҳон” дар Душанбе ва телевизионии маҳаллии “Гули Бодом” дар Конибодом аз ҳамин ҷумлаанд.
XS
SM
MD
LG