Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши таваҷҷӯҳ ба илм дар Тоҷикистон


Илм аз Амрико ва Аврупо кӯч мебандад?


Теъдоди пажӯҳишгарон дар саросари ҷаҳон рӯ ба афзоиш ниҳодааст, аммо на дар ҳамаи кишварҳо. Ҳамин аст, хулосаи як пажӯҳиши тозаи ЮНЕСКО, ки ба тозагӣ нашр шуд.

Ба гуфтаи ЮНЕСКО, дар миёни солҳои 2002 то соли 2007, теъдоди пажӯҳишгарон дар кишварҳои дар ҳоли рушд аз соли 2002 то соли 2007 56 дарсад афзудааст, аммо кишварҳои пешрафта шоҳиди афзоиши камтар, яъне ҳашту аз даҳ дарсад шудаанд. Кишварҳои муштаракулманофеъ ҳам дар ин давра камтар ғами илму ихтироъкориро хӯрдаанд, зеро омори мавҷуд аз коҳиши теъдоди пажӯҳишҳои илмӣ дар ин кишварҳо гувоҳӣ медиҳад.

ЮНЕСКО мегӯяд, бештар аз дигарон Осиё дар ин панҷ сол соҳиби пажӯҳишгарони бештар шудааст, яъне, дар ин миён теъдоди афроде,
Афзоиши теъдоди пажӯҳишгарон дар ҷаҳон бахусус аз ҳисоби Ҷумҳурии Мардумии Чин аст, ки тайи нӯҳ соли ахир сармоягузорӣ барои рушд ва илм сармояи бисёр зиёд гузоштааст.
ки дар ин ё он арсаи илм саргарми пажӯҳиш будаанд, аз 35 то бештар аз 41 дарсад афзудааст. Аммо дар Аврупову Амрико тамоюли баръакс ба чашм мерасад, ва дар кишварҳои ин минтақа ҳузури пажӯҳишгарон мутаносибан то се дарсадӣ камтар шудааст.

Мартин Шаапер, яке аз муаллифони гузориш аз Пажӯҳишгоҳи омори ЮНЕСКО ба Маҷаллаи илму фанноварии Озодӣ гуфт, ин тамоюл баёнгари он нест, ки кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон сармоягузорӣ ба арсаи илмро камтар кардаанд:

“Мо бояд бидонем, ки агарчӣ саҳми он кишварҳо дар илм камтар шудааст, вале онҳо, яъне Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Амрико сармоягузорӣ ба ин арсаро кам накардаанд. Онҳо бахусус назар ба кишварҳои Осиё барои илм пули бештар харҷ мекунанд. Афзоиши теъдоди пажӯҳишгарон дар ҷаҳон бахусус аз ҳисоби Ҷумҳурии Мардумии Чин аст, ки тайи нӯҳ соли ахир сармоягузорӣ барои рушд ва илм сармояи бисёр зиёд гузоштааст.“

Илм биомӯз, гарчӣ дар Чин бошад


Зоҳиран, ин пешрафти Чин дар арсаи илм мояи рашки кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки тайи солҳои гузашта натавонистаанд, арсаи бисёри муҳими илм дар қаламравҳои худро беҳбуд бахшанд. Мартин Шаапер мегӯяд, арқоми ба дастовардаи онҳо аз кишварҳои минтақа хушҳолкунанда нест:

“Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ вазъ мутаасифона чандон хуб нест. Тавре ман гуфтам, афзоиши пажӯҳишгарону сармоягузорӣ бахусус аз ҳисоби Чин аст. Сеяки афзоиши пажӯҳишҳо дар кишварҳои дар ҳоли рушд ба шарофати ҳамин кишвар будааст. Вале агар ба кишварҳои муштаракулманофеъ нигоҳ кунем, мебинем, ки теъдоди пажӯҳишҳо дар ин кишвар камтар шудааст. Агар ба арқоми умумӣ назар андозем, дар бисёре аз манотиқи ҷаҳон теъдоди пажӯҳишҳо зиёд шудааст, ба истиснои кишварҳои фақири Африқо ва ҷомеаи кишварҳои муштаракулманофеъ дар Аврупову Осиё, ки теъдоди пажӯҳишҳо дар онҳо дар воқеъ камтар шудааст ва ин дурнамои хубе барои кишварҳои мазкур нест.”

Ба Тоҷикистон илм лозим нест?


Тоҷикистон ҳам дар гузориши ЮНЕСКО ҳаст, вале арқоми хушҳолкунандае аз арсаи илми он намехонем. Мартин Шаапер мегӯяд,
Дар Тоҷикистон аз соли 2005 то соли 2007 теъдоди пажӯҳишҳои илмӣ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст, яъне аз 2 ҳазор то ба камтар аз 300 пажӯҳиши илмӣ.
Тоҷикистон тайи ду соли ахир шоҳиди коҳиши бисёр чашмгири пажӯҳишҳои илмӣ шудааст:

“Вақте мо ба теъдоди пажӯҳишҳо дар Тоҷикистон назар кунем, мебинем, ки шумораи онҳо то соли 2005 афзоиш ёфтааст. Вале аз соли 2005 то соли 2007 теъдоди пажӯҳишҳои илмӣ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст, яъне аз 2 ҳазор то ба камтар аз 300 пажӯҳиши илмӣ. Ва ин коҳиши бисёр зиёд танҳо дар ду сол аст. Иҷоза диҳед ба ҷадвали сармоягузорӣ ба арсаи илм ва рушд нигоҳ кунем. Бисёре аз кишварҳо барои худ ҳадаф гузоштаанд, ки як дарсади тавлидоти нохолисии миллии худро барои илм сарф мекунанд, аз ҷумла дар Африқо ҳам. Ва Чин, ҳадаф гузоштааст, ки то соли 2010 баробари ду дарсад аз тавлидоти нохолиси милии худро барои илм сарф хоҳад кард ва дар ҳамин самт дуруст ҳаракат мекунад. Аммо дар Тоҷикистон сармоягузорӣ ба арсаи илму инкишоф ниҳоят ва ниҳоят кам будааст. Агар дар соли 2006 сифру аз сад як дарсадро ташкил диҳад, пас соли 2007 ба сифру аз сад шаш дарсад расидааст, ки ин бисёр кам аст.”

Олимаҳо олимонро танг мекунанд


Чизи дигаре, ки ба гуфтаи Ирина Бокова, мудири кулли ЮНЕСКО, боиси қаноатмандӣ нест, ҳузури нокофии занон дар арсаи илм аст. Идораи омори ЮНЕСКО мегӯяд, саҳми занони ҷаҳон дар арсаи тақрибан 30 дар садро ташкил медиҳад, вале ҳузури онҳо аз минтақа ба минтақа фарқ мекунад. Масалан, дар Амрикои Лотинӣ ҳузури занон дар пажӯҳишу илм 46 дар садро ташкил медиҳад, вале дар Осиё танҳо 18 дар сади пажӯҳишгарон ба қавле ҷинси латиф будаанд.

Аз ин миён кишварҳои Осиёи Марказӣ мояе барои ифтихор доштаанд, зеро дар баъзе аз онҳо ҳузури занон дар арсаи илм баробари ҳузури мардон будааст. Дар маҷмӯъ, дар кишварҳои муштаракулманофеъ теъдоди бонувони пажӯҳишгар 47 дарсад будааст.

Дар Тоҷикистон ба гуфтаи Мартин Шаапер соли 2006 теъдоди пажӯҳишҳое, ки бонувон анҷом додаанд, тақрибан 40 дарсад будааст :
“Теъдоди пажӯҳишҳои бонувон аз тарафи дигар чандон бад нест ва дар соли 2006 аз миёни 1900 пажӯҳиш, 735 нафари онҳо ҳосили кори бонувони пажӯҳишгар будааст, ки ин тақрибан 40 ва ё камтар аз он ҳудуди 38 дарсади пажӯҳишҳои умумиро ташкил медиҳад. “

Ба гуфтаи Мартин Шаапер, чунин ба назар мерасад, ки сиёсатгузорон аҳамияти илму ихтироъкорӣ барои рушди иқтисодҳояшонро дарк кардаанд ва аз ин рӯ пеши худ ҳадаф мегузоранд, то сармоягузорӣ ба арсаи илму пажӯҳишро афзоиш диҳанд.
XS
SM
MD
LG