Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоизаи Нобели Ибодиро мусодира кардаанд


Мақомоти Эрон ҷоизаи сулҳи Нобелро, ки фаъоли эронии ҳуқуқи башар Ширин Ибодӣ дар соли 2003 ба даст оварда буд, мусодира кардаанд. Вазири хориҷаи Норвегия Йонас Гаҳр Стоере гуфт, мусодираи нишони тилои ин ҷоиза таккондиҳанда буда, дар тӯли 108 соли вуҷуди ҷоизаи Нобел бори аввал мушоҳида мешавад.
Вазорати хориҷаи Норвегия кордори сафорати Эронро ба нишони эътироз фаро хонд. Эрон ба ин масъала посухи расмие то ҳол надодааст. Ширин Ибодӣ ба хабаргузории Ассошиэйтед Пресс гуфт, ин иқдом ӯро нахоҳад тарсонд.
Ибодӣ гуфт, мақомот бо талаби пардохтани 410 000 доллар молиёти ҷоизаи 1,3-миллиондолларии Нобелсуратҳисобҳои бонкии ӯву шавҳарашро мунҷамид кардаанд.
XS
SM
MD
LG