Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев ба дидори попи Рум хоҳад рафт


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар ҳафтаи оянда барои нахустин бор бо попи Рум Бенедикти 16 мулоқот мекунад. Кремл гуфт, ин мулоқот рӯзи 3 декабр, дар ҷараёни боздиди якрӯзаи Медведев аз Итолиё бо даъвати сарвазири он кишвар Силвио Берлусконӣ доир хоҳад шуд.
Равобит миёни Ватикан, маркази мазҳаби католикии дини масеҳӣ бо калисои православии Русия дар зарфи қарнҳо танишомез буд ва тайи солҳои охир, ки православҳо католикҳоро ба таблиғи пайравони худ ба мазҳаби католикӣ айбдор мекарданд, ин равобитро боз ҳам хадшадор кард. Вале мавзеъи калисои православии Русия феълан мулоимтар шуда ва гуфта мешавад, ки музокирот барои таҳияи мулоқоти таърихии попи Рум бо асқафи калисои Русия идома дорад.
XS
SM
MD
LG