Пайвандҳои дастрасӣ

Беҳзод Набавӣ ба 6 соли зиндон маҳкум шуд


Як дигарандеши эронӣ бо ҷурми даст доштан дар ошӯбҳои пасоинтихоботие, ки Эронро дар пайи интихоботи моҳи июн фаро гирифт, ба 6 соли зиндон маҳкум шуд. Хабаргузории олмонии ДПА навишт, ки Беҳзод Набавӣ, вазири собиқи саноеъ ва муовини собиқи раиси Маҷлис, бо ҷурми иқдом алайҳи низомии исломии Эрон ҳукм гирифтааст. Вале Набавиро дар баҳои пули гарав то замони баррасии парвандааш дар додгоҳи таҷдиди назар аз боздошт раҳо кардаанд.
Дар ҳафтаи гузашта Муҳаммадалӣ Абтаҳӣ, ноиби собиқи раисиҷумҳури пешин Муҳаммади Хотамӣ низ бо ҷароими таблиғ алайҳи низом ва нақзи муқаррароти амнияти миллӣ ба 6 соли зиндон маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG