Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Норозигии Бародаӣ аз мизони ҳамкории Эрон


Муҳаммад Бародаӣ, раҳбари Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ гуфт, Эрон дар роҳи таҳқиқи шубаҳот пиромуни талошҳояш ба сохтани таслиҳоти ҳастаӣ ҳусни ҳамкорӣ нишон намедиҳад. Бародаӣ, ки дар оғози нишасти дурӯзаи Шӯрои ҳуккоми Ожонси ҳастаӣ дар Вена сӯҳбат мекард, ҳамчунин аз он ки Эрон пешниҳоди ин Ожонс дар бораи барои ғанисозии бештар ба хориҷ фиристодани захираи ураниумашро напазируфт, изҳори таассуф кард. Ҳадаф аз ин пешниҳод рафъи нигарониҳои Ғарб пиромуни табиати фаъолиятҳои ҳастаии Эрон буд. Дипломатҳо мегӯянд, ғолибан дар нишасти Вена қатъномае қабул хоҳад шуд, ки нисбат ба сарпечии Эрон аз иҷрои талабҳои байналмилалӣ интиқодомез аст.
XS
SM
MD
LG