Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Музокироти таслиҳотии Амрикову Русия идома меёбад


Амрико замони ниҳоии таҳияи қарордоди нави коҳиши таслиҳот бо Русияро, ки бояд ҷойгузини созишномаи ҳанӯз дар замони ҷанги сард имзошуда шавад, тамдид кард.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико Ян Келлӣ гуфт, руъасои ҳарду ҷумҳурии Амрикову Русия Барак Обама ва Дмитрий Медведев ба тааҳҳуди худ ҷиҳати то поёни соли равон анҷом додани таҳияи ин қарордод содиқанд.
Замони эътибори қарордоди мавсум ба START рӯзи 5 декабр ба поён мерасад, вале ду кишвар мехоҳанд музокиротро ҷиҳати таҳияи як созишномаи муваққат идома диҳанд. Обама ва Медведев дар моҳи июл тавофуқ карданд, ки тайи 7 соли оянда теъдоди кӯлоҳакҳои ҳастаиро аз 1500 то 1675 коҳиш диҳанд.
XS
SM
MD
LG