Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Ҳарастӣ аз телевизионҳои давлатӣ


Миклош Ҳарастӣ, намояндаи САҲА дар умури озодии матбуот, телевизионҳои таҳти таъсир ва назорати давлатҳоро як мониаи умда дар роҳи демократия дар Русияву Беларус ва аксари кулли кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ва Қафқози ҷанубӣ ном бурдааст.
Миклош Ҳарастӣ гуфтааст, телевизионҳо дар ин кишварҳо дар дасти давлат ваё наздикону ҳатто аъзои хонаводаи раҳбарони аввал қарор дошта, ба як василаи пропаганда табдил ёфтаанд. Ба бовари намояндаи САҲА, чунин вазъ баргузории интихоботҳои озод ва эҷоди демократияро дар паҳнои шӯравии собиқ амри муҳол мекунад.
XS
SM
MD
LG