Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имсол дар Тоҷикистон 43 нирӯгоҳи хурд сохтаанд


Вазорати энержии Тоҷикистон мегӯяд, аз авали сол дар кишвар 43 нирӯгоҳи хурд ба истифода дода шудааст. Иқтидори тавлидотии ин нирӯгоҳҳо аз 4 то 4000 киловатт баровард мешавад. Ҷамъи нирӯгоҳҳои хурди фаъол дар Тоҷикистон акнун ба 190 расидааст, ки ба гуфтаи масъулини вазорати энержӣ, 96-тоаш ба таври доимӣ ва 94 нирӯгоҳи хурди боқӣ дар фаслҳои сармо нирӯи барқ тавлид мекунанд.
Тоҷикистон ҳамасола дар мавсими сармо ба камбуди шадиди нирӯи барқ рӯбарӯст ва дар манотиқи рустоияш ба аҳолӣ дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат нирӯи барқ медиҳанд.
XS
SM
MD
LG