Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаластиниён эъломи Исроилиро напазируфтанд


Фаластиниён имрӯз эъломи Исроилро рад карданд, ки гуфт, бунёди шаҳраксозӣ дар қаламравҳои ишғолии Канораи Ғарбро барои 10 моҳ муттавақиф мекунад. Соиб Аракот – музокиракунандаи аршади Фаластиниён гуфт, ин эъломи Бенямин Нетаняҳу – нахуствазири Исроил, “тарғибот” аст ва аз Амрико хост, фирефтаи ин гуфта нашавад. Сойиб Аракот бо ирсоли баёнияи расмие ба хабарнигорон, аз Вашингтон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, то Исроилро ба тавқифи пурраи шаҳраксозиҳо водор намоянд. Маҳмуд Аббос – раиси ҷумҳури Фаластиниён,низ ин иқдоми Исроил напазируфтааст.
XS
SM
MD
LG