Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳаҷҷи акбар: Борони сел ва ҳарос аз зукоми хук


Дар пояи кӯҳи Арафот, 26-уми ноябри соли 2009.

Дар пояи кӯҳи Арафот, 26-уми ноябри соли 2009.

Аз Арабистони Саудӣ хабар расид, ки сел дар ин ҷо 48 нафарро ба ҳалокат расонда, ҷони 900 нафарро дар хатар гузоштааст. Гуфта мешавад, аввалин бор дар чанд даҳсолаи охир борони сахт дар Арабистони Саудӣ ба маросими ҳаҷ рост омад.

Зоирон иҳромҳои сафед ба бар Каъбаро тавоф мекунанд. Аммо имсол зоҳири онҳо ду ашёи иловагӣ дорад. Чатр ва ниқоб. Имсол ҳаҷҷи акбар ҳамроҳи боронҳои сел оғоз ёфт ва бо вуҷуди тазмини мақомоти саудӣ ҳарос аз зукоми хук қавист.
Далеле мавҷуд нест, ки борон метавонад, ба паҳн шудани ангали зукоми хук мусоидат кунад...

Ҳаҷ шояд пуриздиҳомтарин анҷумани ҷаҳон аст, чун наздик ба 3 миллион нафар аз гӯшаву канори дунё гирди ҳам меоянд ва китф ба китфу по ба по, ҳама ҳамзамон оинҳои яке аз панҷ усули мусулмониро ба ҷо меоранд.

Тасаввур кунед, ки қариб ними аҳолии Тоҷикистон якбора аз як маҳал ба маҳалли дигар ҳаракат мекунад ва зичии афрод дар як метри мураббаъ шояд то 8-9 нафар мерасад.

Аз бардошти хусусии худ мегӯям, ки ин танготангии ҳамқадамӣ ва ҳамнафасӣ барои одамоне, ки бо як нийяти бузург паҳлуи ҳам қарор гирифтаанд, нороҳатие намеорад. Ба ранҷу душворӣ зиёд эътино намекунанд, зеро ҷисм тақрибан фаромӯш шуда, рӯҳи инсон саршор аз покӣ ва оромиш мешавад.

Эҳососоти ҳамгуни миллионҳо нафар як фазои беҳамтои энержии неку мусбатро ба вуҷуд меорад. Шояд ҳамин беэътиноӣ ба тан сабаби бисёре аз лагадмолҳои марговар мешавад. Лағжидани як нафар метавонад, сабаби зери по мондану пойкӯб шудани даҳҳо нафари дигар гардад.

Соли 2006, вақте аз дасти зоире чизе ба замин афтод ва ӯ хост, онро бардорад, мардум рӯиҳам афтоданд ва дар натиҷа 360 нафар кушта шуданд.

Ҳоло, вақте ки хабар аз борони сел дар Макка мерасад, хатари лағжидани одамон ва ҳалокати онҳо ба маротиб бештар мегардад. Вақте зоирон қарор аст, ба Мино ва Муздалифа раванд, биёбони бедарахт хатари ярчу хоккӯчро ба маротиб бештар мекунад.

Хабаргузориҳо мегӯянд, борони сел рӯзи чаҳоршанбе сабаби дармондани ҳазорон мошин дар кӯчаҳои Макка шуд ва ҳаракати зоирон ба Байтулҳарам низ бо мушкил рӯбарӯ гашт. Сел роҳи мошингарди байни Макка ва Ҷиддаро тахриб кард. Ин роҳест, аз тариқи он ки ҳазорон ҳазор зоир аз фурудгоҳи байнулмилалии Ҷидда ба Макка расонда мешаванд. Шоҳидони айнӣ мегӯянд, дар тӯли он қатори қариб 30-километрии мошину автобусҳое пайдо шуд, ки аз ҳаракат мондаанд. Дарозии ин роҳ наздик ба 60 километр аст.

Борон дар ин вақти сол барои ин минтақа ғайриодист. Ҳавошинос, Дейл Моҳлер мегӯяд, дар Ҷидда 7 сантиметр борон борид, ки баробари боришҳои солонаи ин минтақа аст. Эҳтимол меравад, ки борон чанд рӯзи дигар идома хоҳад кард.

Аммо бузургтарин мояи нигаронӣ дар Арабистони Саудӣ имсол зукоми хук буд. Дар фурудгоҳи байнулмилалии Ҷидда ба зоирон ниқоб ва эми бепули зидди зукоми хук пешкаш гардида, дар Макка ва Мадина зиёда аз 100 дармонгоҳи муваққатӣ таъсис ёфт.

Ҳасан Ал-Бушра, мутахассиси бемориҳои вогир дар дафтари Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Қоҳира мегӯяд, "далеле мавҷуд нест, ки борон метавонад, ба паҳн шудани ангали зукоми хук мусоидат кунад. Ин ангал ё вирус аз ҳаво, атсазаниву сурфидан аз як кас ба каси дигар мегузарад." Вай меафзояд, "агар бар асари борон тӯдаҳои мардум хурдтар шуда бошанд, ин баракс ба манфиати кор аст."

То ҳол чаҳор зоир ба маҳзи расидан ба Ҷидда даргузаштанд ва 67 нафари дигар бо гумони чунин сироят бистарӣ мебошанд. Дар ин бора вазири тандурустии Арабистони Саудӣ, Абдуллоҳ ал-Рабия ба Бахши инглисии шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира иттилоъ додааст.

Вале эҳтимоли зуҳур ва паҳн шудани беморӣ зиёд аст, мегӯяд, мушовири Маркази зиддиуфунии Иёлоти Муттаҳида дар умури ҳаҷ, Шоул Иброҳим, зеро барои ҳифз аз ангали зукоми хук одамон бояд байни худ камаш як метр фосила дошта бошанд. Барои пешгирӣ аз чунин ҳолат чанде аз кишварҳо, монанди Туркманистон, шаҳрвандони худро аз сафари ҳаҷ боздоштаанд ва ё шумораи онҳоро маҳдуд кардаанд.

Аммо, тавре Ассошиейтед Пресс менависад, аксари зоирон зери нишоти таҷрибаи равонӣ ҳама гуна нигарониро канор гузоштаанд. Зоире аз Нигерия бо номи Умар Исо аз эми зидди зукоми хук даст кашид ва мегӯяд: "Аз чизе ҳарос надорам, зеро Худо ин ҷост ва маро ҳифз хоҳад кард. Ман ба хонаи худаш омадаам..."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG