Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзҳои мушкили коммунистон ва ҲНИТ?


Ҳизбҳои коммунист ва наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар парлумони кишвар намоянда доранд, ба тадриҷ пойгоҳи ақидатии худро дар ҷомеа аз даст медиҳанд.

Ин нукта дар як ҳамоиши аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон дар робита ба омодагии ҳизбҳо ҷиҳати ширкат дар маъракаи интихоботи парлумонии қарибулвуқӯи кишвар, ки моҳи феврали соли оянда баргузор хоҳад шуд, аз сӯи бархе аз мансабдорони давлатӣ садо дод. Аммо намояндагони аҳзоб, аз ҷумла, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба ин андеша мувофиқ нестанд ва мегӯянд, ҳанӯз ҳам ҳукумат дар амри ҳамкорӣ бо аҳзоб омода нест ва ончи ки имрӯз бархе аз чорабиниҳои мазҳабӣ аз сӯи ҳукумат пиёда мешавад, на ба ин маъност, ки дар ҷомеа барои фаъолияти ҳизби исломӣ зарурат боқӣ намонда бошад.

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар як нишасте дар шаҳри Душанбе гуфт, ҳизбҳои коммунист ва наҳзати исломии Тоҷикистон дучори мушкили ғоявӣ шуда, эҳтиёҷ ба ислоҳот доранд. Оқои Шарифов гуфт, афкор ва андешаи коммунистони имрӯзаи тоҷик кӯҳна шудааст, вале барнома ва дидгоҳи мазҳабиеро, ки Ҳизби наҳзати исломӣ дунболагирӣ мекард, ҳоло худи ҳукумат ба иҷро мегузорад. Ба бовари Сӯҳроб Шарифов, ин ду ҳизб умдатан рӯи ҷаҳонбинӣ ва афкори ҷомеа нуфуз касб кардаанд, вале аз он ки ҷомеа бо суръат дучори таҳаввул мешавад, онҳо ба тадриҷ пойгоҳи ақидатӣ ва ҳамзамон мавқеъи иҷтимоии худро аз даст медиҳанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки дар ин ҳамоиш ширкат ва суханронӣ кард, гуфт, ҳукумат мехоҳад тамоми ибтикор ва ташаббусро аз дасти аҳзоби дигар бигирад, вале аз тарафи дигар, омодаи ҳамкорӣ бо онҳо нест. Барои мисол, гуфт оқои Сайфуллозода, дархости ин ҳизб барои баргузории анҷумани интихоботӣ дар толори кохи Ваҳдат рад карда шуд, дар ҳоле ки ҲХДТ дар ин бино соле 12 моҳ иҷора мешинад. Аз ин рӯ, мегӯяд оқои Сайфуллозода, ҳоло хеле зуд аст, ки бархе аз мушовирин ва стратегҳои ҳукумати Тоҷикистон пойгоҳи ақидатии Ҳизби наҳзати исломиро косташуда арзёбӣ мекунанд.

Зимнан, бархе аз коршиносони тоҷик низ бо таваҷҷӯҳ ба тағйири муносибати давлат бо дин дар ин чанд гоҳи ахир мӯътақиданд, ки то андозае ҷойгоҳи рӯҳоният, ва аз ҷумла ҲНИТ, дар ҷомеаи кишвар коста шудааст. Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, ҳоло ҳам рӯҳоният ва ҳам ҲНИТ ба хотири ҳифзи нуфузи худ бояд аз фаъолияти анъанавӣ ва суннатӣ берун шаванд ва аз роҳҳои наве кор бигиранд.
XS
SM
MD
LG