Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти сарони АвруОсиё дар Минск


Имрӯз дар шаҳри Минск, пойтахти Ҷумҳурии Белорус нишасти сарони кишварҳои аъзои Иттиҳодияи иқтисодии ЕврАзия баргузор мешавад, ки дар он масоили ҳамоиши иқтисодӣ баррасӣ хоҳад шуд. Ба гуфтаи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Белорус, ҳамкориҳо дар арсаи маориф, муҳоҷирати корӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо дар арсаи нақлиёт дар нишасти сарони кишварҳои узв баррасӣ мешавад. Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар ин ҳамоиш ҳузур дорад. Тоҷикистону, Қазоқистон, Русияву Қирғизистон ва Ҷумҳурии Белорусу Ӯзбакистон аъзои Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё ҳастанд.
XS
SM
MD
LG