Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Эрон Бародаиро ноумед кардааст


Муҳаммад Ал-Бародаӣ - мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ имрӯз гуфт, Эрон дар мавриди таҳқиқи иттиҳомоти мабнӣ ба онки саъй кардааст, то бомби атомӣ бисозад, бо он созмон ҳамкорӣ накардааст. Муҳаммад Ал-Бародаӣ, ки ба зудӣ мақомашро тарк мекунад, ҳамчунин гуфт, аз посухи радди Эрон ба тарҳи байналмилалии табдили сӯхти атомӣ “ноумед” шудааст. Ҳадаф аз ин созиш рафъи танишҳо бар сари барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон аст. Муҳаммад Ал- Бародаӣ дар ин бора дар нишасти дурӯзае дар шаҳри Вена сӯҳбат кард., ки дар он сарпечии Эрон аз иҷрои қатъномаҳои байналмилалии марбут ба барномаҳои атомии он баррасӣ мешавад. Ба гуфтаи дипломаҳо, дар ин нишаст шӯрои ҳуккоми Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, ғолибан ба ҷонибдории қатъномае раъй хоҳад дод, ки Эронро барои сарпечиаш аз талабҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ танқид мекунад.
XS
SM
MD
LG