Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон посухи додгоҳашро мехоҳад


Серж Саркиссиён – раиси ҷумҳури Арманистон, аз Додгоҳи Қонуни Асосии кишвараш расман хостааст, то ба созишномаи ба эътидол овардани муносибот бо Туркия баҳои ҳуқуқӣ бидиҳад. Дар Арманистон пеш аз ирсоли созишномаҳои давлатӣ барои тасвиб ба порлумон, Додгоҳи Қонуни Асосӣ ба баҳои ҳуқуқӣ ва барои пешниҳод ризоият медиҳад. Туркия ва Арманистон, ки тайи даҳсолаҳо бо ҳам хусумат доштанд, моҳи октябр бо имзои ду санад тавофуқ кардан то муносиботашонро ба эътидол дароваранд. Куштори дастаҷамъии бештар аз миллион нафар арманиҳо аз тарафи туркони усмонӣ дар замони ҷанги ҷаҳонии якум омили аслии хусумат ва иртибот надоштани Арманистону Туркия будааст. Туркия ҳамчунин бинобар муноқишаи Арманистон бо Озарбойҷон бар сари Вилояти Кӯҳистони Қаробоғ марзи худ бо Арманистонро бастааст.
XS
SM
MD
LG