Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои генерали олмонӣ барои ҳамлаи Қундуз


Як фармондеҳи олирутбаи Олмон дар иртибот ба ҳамлаи ҳавоие, ки дар Афғонистон, даҳҳо ғайринизомиро кушт, аз мақомаш истеъфо дод. Карл Теодор Зу Гуттенберг - вазири дифоъи Олмон, имрӯз дар порлумони кишвараш истеъфои генерал Волфганг Шнейдерфҳенро эълом кард ва гуфт, ки ӯ натавонистааст, доир ба ин қазияи мазкур иттилоъи муносиб бидиҳад. Рӯзи 4-уми сентябр ин фармондеҳи олмонӣ аз тарси онки Толибон ду мошини боркаши рабудашудаашонро ба зидди сарозон истифода хоҳанд кард, нерӯҳои ҳавоии НАТО – ро ба кӯмак хост. Ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, дар ин ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои НАТО 140 ғайринизомӣ ҳалок шуданд. Ҳамлаи мазкур дар шаҳри Қундуз хашми аксари мардуми Олмонро барангехт, ки бино ба назархоҳиҳо мухолифи ширкати кишварашон дар ҷанги Афғонистон ҳастанд.
XS
SM
MD
LG