Пайвандҳои дастрасӣ

Ёдоварии Ҳинд аз рӯзҳои хунини Мумбай


Дар Ҳиндустон имрӯз аз ҳамлаҳои хунини тундравон ба шаҳри Мумбай ёд мекунанд, ки 166 нафарро қурбон кард. Рӯзи 26 ноябри соли 2008 даҳ нафар ифротгаро ба чанд маҳалли шаҳри Мумбай ҳамла карданд, ки ҷанг бо онҳо се рӯз идома ёфт. Маросими ёдоварӣ аз ҳамлаҳо шоми чаҳоршанбе шурӯъ шуд ва субҳи имрӯз бо раҳпаймоии нерӯҳои амниятӣ дар шаҳри Мумбай идома ёфт. Пулиси Ҳинд зимни муқобила бо тундравон нӯҳ нафари онҳоро кушта ва як нафарро асир гирифт, ки дар кишвар муҳокима мешавад. Ҳукумати Ҳиндустон дар ин ҳамла гурӯҳҳои тундрави паноҳёфта дар Покистонро муттаҳам карда ва Покистон хостааст, ҳар нафари муттаҳам ба ҳамлаҳоро ба Ҳинд истирдод кунад. Рӯзи чаҳоршанбе дар Покистон ҳафт нафарро ба ҳамдастӣ дар он ҳамлаҳо муттаҳам карданд.
XS
SM
MD
LG