Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Чин барои коҳиши олудагии ҳаво


Ҷумҳурии Мардумии Чин эълом кард, ки шиддати ихроҷи гази карбон ба атмосфераро то соли 2020 аз 40 то 45 дар сад коҳиш хоҳад дод. Барои нахустин бор аст, ки ин кишвар ҳадафи мушаххас барои коҳиши ихроҷи газҳои олудакунандаи ҳаворо эълом мекунад. Аммо маълум нест, ки миқдори газҳои партобшуда ба чӣ ҳад кам хоҳад шуд. Ин ваъдаи Чин дар остонаи ҳамоиши байналмилалии муқобила бо гармоиши курраи Замин садо дод, ки моҳи оянда дар шаҳри Копенҳаген баргузор мешавад. Ҳукумати Чин мегӯяд, Вен Ҷибао – нахуствазири ин кишвар, дар ин ҳамоиши ҷаҳонии таҳти сарпарастии Созмони Милал ширкат хоҳад кард. Интизор меравад, ҳудуди 65 раҳбарони кишварҳои ҷаҳон дар ҳамоиши таҳти сарпарастии Созмони Милал дар пойтахти Дания ширкат варзанд, ки аз 7 то 18 декабр идома хоҳад кард. Дар ҳамоиш тарҳи нави санаде рехта мешавад, ки Аҳдномаи байналмилалии муқобила бо гармоиши курраи Замин, аҳдномаи Киоторо иваз хоҳад кард. Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 9 декабр дар ин ҳамоиш ҳузур хоҳад дошт. Чину Амрико бузургтарин ихроҷкунандагони газҳои гӯлхонаӣ дар ҷаҳон мебошанд ва ҳаргуна пешрафт дар ҳамоиши Копенҳаген аз ҳузури ин ду кишвар вобаста аст.
XS
SM
MD
LG