Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонуе раиси ҲХДТ дар Ҷиргатол шуд


Дар остонаи интихоботи порлумонии Тоҷикистон руасои ҲХДТ дар навоҳии Рашту Ҷиргатол иваз шудаанд.

Таъини нави роҳбарони ҳизби ҳокимро дар ростои интихоботи порлумонӣ ва маҷлиси вакилони маҳаллӣ аксари соҳибназарон як навъ омодагии ин ҳизб ба интихобот медонанд. Коршиноси маҳаллӣ Рустами Одил мегӯяд, ҳадаф аз тағйирот интихоботи порлумонӣ ҳаст, ки ба ин хотир ҷавононро бештар рӯи кор овардаанд. Зеро, меафзояд ӯ, руасои пешин хатмкардаи макотиби олии ҳизбии даврони Шӯравӣ будаанд, ки синну солашон ба бознишастагӣ наздик расида буд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки барои аввалин бор дар ноҳияи Ҷиргатол як нафар бону - Насиба Ғаффорова дар раъси ноҳиявии ҲХДТ нишастааст.

Ва аммо дар ҳоле, ки ин таъиноти кадрӣ як навъ омодагӣ ба интихобот арзёбӣ мешавад, бархе аз сокинони ин минтақа мегӯянд, ба баргузории шаффофи интихобот чандон назари хуш надоранд. Довуд Ҳасанов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷиргатол, гуфт, дар сурати шаффоф баргузор шудани интихобот ҳизби онҳо то 30 дарсади раъйҳоро дар Ҷиргатол метавонад ба даст биорад.

Ин ҳам дар мавридест, ки феълан қариб ҳама курсиҳоро дар маҷлиси вакилони маҳаллии навоҳии ин минтақа намояндагони ҳизби ҳоким ташкил медодаанд.

Дар минтақаи Рашт дар ҳоли ҳозир дар баробари ҲХДТ, ҳамчунин ҲНИТ, коммунистон, ҷиноҳи Муҳаммадрӯзи Искандаров аз ҲДТ, сотсиалистон ва Ҳизби кишоварзӣ фаъол будаанд.
XS
SM
MD
LG