Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ба Рӯзи сипос омодагӣ мебинад


Мардуми Амрико имрӯз Рӯзи сипос, як ҷашни хоси Ийолоти Муттаҳидаро ҷашн мегиранд. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар паёми ба ин муносибат гуфт, Рӯзи сипос фурсати муносибест барои пардохтан ба арзишҳои хубе, чун аҳли хонавода, ёру дӯстон ва ҳам расидан ба онҳое, ки бахт ба рӯяшон камтар хандидааст. Рӯзи сипос ба шарафи ҳиндуҳои бумиест, ки тақрибан 400 сол қабл бо оростани хони зиёфат шиками муҳоҷирони аврупоиро бо гӯшти мурғи марҷон сер карданд. Ба ин далел, таҳияи ғизо аз гӯшти мурғи марҷон як анъанаи ҳатмии таҷлили Рӯзи сипос барои хонаводаҳои амрикоист.
XS
SM
MD
LG