Пайвандҳои дастрасӣ

Путин дар садади сафар ба Фаронса


Сарвазири Русия Владимир Путин имрӯз ба Порис сафар мекунад. Тайи боздиди дурӯза, қарор аст, ки Путин бо мақомоти Фаронса сарнавишти ширкати бӯҳронзадаи мошинсозии Русия – АвтоВАЗ-ро баррасӣ кунад. 25 дарсади саҳмияҳои АвтоВАЗ дар дасти ширкати фаронсавии “Рено”-ст.
Харидории як киштии ҷангии сохти Фаронса аз ҷониби Русия ва имкони ҳамроҳии EDF, бузургтарин ширкати энержии Фаронса дар як тарҳи бунёди лӯлаи газ аз дигар мавзӯъҳои матрӯҳа дар ҷараёни ин сафари оқои Путин хоҳад буд.
Аммо масъалаи мулоқоти ғайрирасмии ӯ бо раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ то ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG