Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагӣ ба баҳси барномаҳои ҳастаии Эрон


Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ имрӯз дар Вена баҳси дурӯзаи барномаҳои ҳастаии Эронро шурӯъ мекунад. Қудратҳои ҷаҳонӣ мехоҳанд, ки Теҳрон пешниҳоди ин ожонсро бипазирад ва ураниуми андак ғанишудаашро барои ғанисозии бештар ба кишварҳои хориҷӣ бифиристад. Дар арафаи нишасти Вена вазири хориҷаи Олмон Теҳрони соҳиби силоҳи ҳастаиро ғайриқобилиқабул номид. Гвидо Вестервелл, ки дар як нишасти муштараки хабарӣ бо раҳбари Ожонси ҳастаӣ Муҳаммад Бародаӣ сӯҳбат мекард, гуфт, косаи сабр барои дарёфти роҳи муомила дар масъалаи маводи сӯхти ҳастаии Эрон лабрез мешавад. Эрон то ҳол ба пешниҳоди Ожонси байналмилалии ҳастаӣ посухи расмӣ надодааст.
XS
SM
MD
LG