Пайвандҳои дастрасӣ

Исроил шаҳраксозиҳояшро маҳдуд мекунад


Исроил эълон кард, ки шаҳраксозиаш дар сарзаминҳои каронаи бохтарии рӯди Урдунро барои 10 моҳ маҳдуд мекунад. Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ин иқдомро гоми муҳиме ба сӯи сулҳ номид. Фиристодаи Амрико дар Ховари Миёна Ҷорҷ Митчелл низ аз ин иқдом истиқбол кардааст. Аммо ин тасмими Исроил ба он бахшҳои каронаи бохтарӣ, ки Исроил дар пайи ҷанги соли 1967 ба қаламрави Байтулмуқаддас дароварда буд, дахл надорад. Набил Абӯ Рудейна, сухангӯи раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос гуфт, “бозгашт ба пушти мизи музокирот бояд танҳо дар заминаи комилан мунҷамид шудани шаҳраксозиҳо, ва пеш аз ҳама дар Байтулмуқаддас, сурат бигирад.”
XS
SM
MD
LG