Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ба анҷумани ҷаҳонии тағйири иқлим хоҳад рафт


Матбуоти Ғарб аз қавли як мақоми Кохи Сафед навишт, ки раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар моҳи декабр ба хотири ширкат дар анҷумани ҷаҳонии тағйири иқлим ба Копенҳаген, пойтахти Дания сафар хоҳад кард. Гуфта мешавад, Обама рӯзи 9 декабрро дар Копенҳаген ба сар бурда, аз он ҷо ба қасди ширкат дар маросими супурдани ҷоизаи сулҳи Нобел озими Осло, пойтахти Норвегия хоҳад шуд. Ҷоизаи имсолаи сулҳи Нобелро Барак Обама ба даст овардааст.
Интизор меравад, дар анҷумани Копенҳаген раҳбарони ҳудуди 65 кишвари ҷаҳон ширкат кунанд. Ин анҷуман бояд паймони нави байнамилалии мубориза бо тағйири иқлимро қабул кунад, ки ҷойгузини паймони Киото хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG