Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии машрӯъияти қарордодҳои Арманистону Туркия


Раисиҷумҳури Арманистон Серж Саркисиён расман аз Додгоҳи Қонуни асосии кишвараш хостааст, машрӯъияти созишномаҳои имзошуда ба хотир оддӣ сохтани равобит бо Туркияро таъйид кунад. Тибқи Қонуни асосии Арманистон, қарордодҳои байналмилалӣ пеш аз тасвиб дар парлумон бояд аз ҷониби Додгоҳи Қонуни асосӣ низ таъйид шаванд.
Арманистону Туркия, ки то ҳол равобити дипломатӣ надоранд, дар таърихи 10 декабр дар Сюрихи Швейтсария ба ду протоколе имзо гузоштанд, ки роҳро барои оддӣ сохтани равобити байни Ереван ва Анкара ҳамвор мекунад.
XS
SM
MD
LG