Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роман Полански маҳбасро тарк кард


Додгоҳи Швейсария коргардони маъруфи синамо Роман Поланскиро баъд аз пардохти чаҳору ним миллион доллар гаравпулӣ аз маҳбас озод кард. Ва аммо Полански дар Швейсария дар ҳабси хонагӣ боқӣ мемонад. Роман Полански рӯзи 26 сентябр дар шаҳри Сюрихи Швейсария боздошт шуда буд. Дар ҷашнвораи синамо дар ин шаҳр ба ӯ бояд ҷоиза барои саҳми бузург дар синамои ҷаҳониро эҳто мекарданд.
Таҳиягари маъруф барои алоқаи ҷинсӣ бо Саманта Геймери 13 сола дар соли 1977 айбдор мешавад. Ӯ соли 1978 ба хотири муҷозот нашудан ИМА-ро тарк кард ва муқими Фаронса шуд. Баъди ин Полански боре ҳам ба Амрико нарафт ва аз сафар ба Бритониё ҳам худдорӣ мекард, зеро имкон дошт он ҷо ӯро боздошт ва ба Амрико истирдод кунанд.
XS
SM
MD
LG