Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркишҳо дар Карбало мунҷар ба ҳалокати 5 нафар шуд


Тибқи иттилоъи ахиран дастрасшуда, ду таркиши паёпай дар шаҳри Карбало, воқеъ дар ҷануби Ироқ, мунҷар ба ҳалокати 5 нафар шудааст. Дар ин ҳодиса беш аз 40 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, инфиҷори аввал дар як тарабхонаи канори пойгоҳи артиши Ироқ, рух дод. Баъд аз чанд дақиқа, вақте ки мардуми зиёде дар канори ин тарабхона ҷамъ омаданд, боз як инфиҷор рух дод. Карбало аз шаҳрҳои муқаддаси ислом маҳсуб мешавад. Инфиҷорҳо дар ин шаҳр се рӯз қабл аз таҷлили Иди Қурбон рух доданд.
XS
SM
MD
LG