Пайвандҳои дастрасӣ

Обама дар нишасти Копенҳаген ширкат хоҳад кард


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дар нишасти сарони кишварҳои олам оид ба тағйири иқлим ширкат хоҳад кард. Ин нишаст моҳи оянда дар шаҳри Копенҳаген, пойтахти Дания, баргузор мешавад. Хабаргузориҳо бо такя ба манобеъи худ дар Кохи Сафед гуфтанд, ки Обама рӯзи 9 декабр вориди Копенҳаген хоҳад шуд. Қарор аст дар ин саммит принсипҳои аслии созиши нав оид ба мубориза бо гармшавии иқлим мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирад. Дар ин нишаст Вошингтон ӯҳдадориҳои нави худ оид ба маҳдудсозии партоби “газҳои гулхонаӣ” ба фазоро эълон хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG