Пайвандҳои дастрасӣ

Мулло Умар имкони музокирот бо Кобулро рад кард


Раҳбари ҷунбиши “Толибон” Муҳаммад Умар аз мардуми Афғонистон хост, ки аз ҳама гуна равобит бо ҳукумати, ба гуфтаи ӯ, “лухтакмонанд”-и Кобул даст бардоранд. Изҳороти Мулло Умар дар арафаи иди Қурбон дар вебсайтҳои исломӣ пахш шудааст.
Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, зимни суханронӣ дар маросими шурӯъи даври дуввуми раёсаташ, ба имкони вуруди толибони собиқи аз терроризм рӯтофта ба ҳукумати нав ишора карда буд. Ва аммо Мулло Умар гуфтааст, толибон то замоне, ки нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон ҳузур доранд, ба ягон музокирот розӣ нахоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG