Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фасли сармо дар Тоҷикистон, ба хусус дар шаҳрҳо, бар изофаи мушкилоти барқу газу оби гарм, барои теъдоде аз сокинони иҷоранишин мушкилоти сангинтарро пеш меорад.

Ин мушкил аслан сунъӣ аст, аксаран барои дарёфти манофеи бештар афроде, ки ба мардум манзили иҷора пешниҳод мекунанд, аз шиддати сармо истифода мекунанд. Аз сокинони иҷоранишини худ бо таҳдиди ихроҷ аз манзил, ҳаққи иҷораи бештар тақозо мекунанд. Ин таҷрибаи маъмулӣ шудааст.

Дар зимн, масъалаи хеле дардманди ҷомеаи Тоҷикистон дарфёти сарпаноҳе ва ё манзили доимии иқомат аст. Имрӯз дар Тоҷикистон як нафар барои соҳиби манзил чӣ коре бояд анҷом диҳад, чӣ миқдор сармоя дошта бошад.

Радиои «Озодӣ» дар шахси Шаҳлои Гулхоҷа хабарнигори радио ба ҷустуҷӯ ва хариди манзил ва қитъаи замин барои бунёди манзил шаҳри Душанбе ва деҳоти канори онро саёҳат кард. Шаҳло соҳиби манзил аст ва аммо қаҳрамони рамзии гузориши видеоии «Озодӣ» шуд, то ба ин мавзӯъ амиқтар ва табиӣ расидагӣ кунем.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG