Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакони дур аз кӯдакистонҳо


Масъулини Бунёди атфоли Созмони Милали Муттаҳид -- Юнисеф, мегӯянд, 93 дарсади атфоли хонаводаҳои тоҷик бо сабабҳои мухталиф дар кӯдакистонҳо тарбият намегиранд.

Ин кӯдакон дар натиҷа бидуни малакаҳои муҳимтарин, ки барои рушди зеҳнии онҳо зарур аст, сари мизи мактабӣ мешинанд. Ба гуфтаи Ҳонгвей Гао, раҳбари бунёди Юнисеф, муассисаҳои томактабие, ки имрӯз дар шаҳрҳои Тоҷикистон фаъолият мекунанд, мероси замони шӯравӣ буда, аз рӯи низоми таълимии кӯҳанашуда фаъолият мебаранд.

Вай афзуд: “Бояд гуфт, инкишофи бармаҳали кӯдак, яке аз афзалиятҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад, чунки солҳои аввали ҳаёт ояндаи ҳар як шахсро ҳамчун шаҳрванди кишвари худ ташаккул медиҳанд. Ва агар кӯдакон дар 6 соли аввали зиндагияшон ба таълиму тарбия фаро гирифта нашаванд,рушди минбаъдаи онҳо ҳамчун шахсити комил мушкил хоҳад буд. Имрӯз фарогирии атфоли тоҷик ба муассисаҳои томактабӣ дар сатҳи паст аст ва агар ҳоло мо дар пайи ислоҳи ин мушкил талош накунем ин раванд дар роҳи рушди Тоҷикистон заъф эҷод хоҳад кард.”

Садбарг, модари Аниса дар ҳеҷ ҷой кор намекунад, вале мегӯяд, маҳз ба хотири рушд кардани тифлаш ӯро ба боғча мебарад. Дақиқтараш мебурд. Зеро утоқҳои сард ва хӯрокҳои якрангу камғизои боғча Садбаргро маҷбур кардааст, аз он ҷо бигирад.

Ба мисли ин модар, аксари дигар занони мусоҳибам ҳам мехостанд, тифлонашон дар боғча назди хурсдолони дигар тарбия гиранд, то аз хурдӣ аллакай вориди ҷомеа ва бо як омодагии қаблӣ ба мактаб қадам гузоранд. Вале шароити номусоиди боғчаҳо, нодории оилаҳо дар пардохти маблағи кӯдакистон ва аз сӯи дигар ҳавасманд набудани худи кӯдакон барои таҳсил дар боғча ғолибан монеи амалишавии ин хостаҳои волидон мегардад.

Зебо модаре, ки 2 тифлаш дар кӯдакистон тарбия мегиранд мегӯяд, ҳар субҳ бо як мушкилу ваъдаҳои зиёде кӯдаконашро ба боғча мебарад. Ӯ аз кори муррабияҳо чандон розӣ нест ва мегӯяд, дар боғча бояд мутахассисоне ба кор ҷалб шаванд, ки тавонанд, ба хубӣ бо кӯдакон забон ёфтаву онҳоро ба боғча ва таълим ҳавасманд созанд.

Аммо дар ҳамин ҳол Муҳамдшариф Атоев, як масъули Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, мавҷудияти чунин камбудиҳо наметавонад барои набурдани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ баҳона шавад.Зеро ба қавли мусоҳиби мо кӯдаконе, ки аксаран дар оила тарбият мешаванд ва боз дар ҳоле ки 70 дарсади оилаҳо дар манотиқи мухталифи кишвар ҳатто аз адабиёти одии кӯдакона барои рушди бармаҳали атфол истифода намебаранд, дуруст тарбия ёфтани кӯдакон ғайри имкон аст.

Вале Ҷамила Набиева,мудири кӯдакистони рақами 79, ноҳияи Шоҳмансур,мегӯяд, аксари волидайн мехоҳанд, ки фарзандони онҳо дар кӯдакистон тарбият ёбанд, аммо камии муассисаҳои томактабӣ барои волидайн ба ҷуз аз нигоҳубини кӯдакон дар хонавода дигар интихоберо намедиҳад.

Бибиҳаво Шарофова, сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаву умумии Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, соҳаи томактабии кишвар пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ба мушкилоти зиёд мувоҷеҳ шуд. Аз ҷумла ба якборагӣ теъдоди кӯдакистонҳо коҳиш ёфта, аз 985 кӯдакистон ҳоло ҳамагӣ 486 муассиса амал мекунад. Бибиҳаво Шарофова афзуд, ин соҳа ҳоло ба маблағгузории бештар ниёз дорад.

Гуфта мешавад, Вазорати маорифи Тоҷикистон барномаи давлатии рушди соҳаи томактабиро таҳия кардааст, ки мутобиқи он биноҳои кӯдакистонҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ харобшуда барқарор мегарданд ва ҳамчунин дар минтақаҳои дурдаст таъсиси марказҳои инкишофи атфоли синни томактабӣ низ дар назар аст.
XS
SM
MD
LG