Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Анвар Иброҳимов дар куштор айбдор мешавад


Корманди собиқи милисаи шаҳри Маскав Анвар Иброҳимов дар куштори шаҳрванди Абхозистон Эдуард Гуртская айбдор мешавад. Намояндаи Кумитаи тафтишотии Додситонии кулли Русия Владимир Маркин гуфт, ки аз болои Иброҳимов бо иттиҳоми “сӯиистифода аз мақом” ва “лату кӯб, ки боиси ҳалокати инсон шудааст”, парвандаи ҷиноӣ боз гардид.
Шоми рӯзи душанбе се корманди милиса - Анвар Иброҳимов Алексей Черников ва Виктор Кузнетсов дар ҳоли мастӣ ду сокини Абхозистонро ҳадафи лату кӯб қарор доданд, ки дар натиҷа якеи онҳо – Эдуард Гуртская ба ҳалокат расид. Бо амри сарвари раёсати умури дохилаи Маскав ҳар сеи онҳо аз сафи кормандони милиса хориҷ карда шудаанд. Садри раёсати умури дохилаи Маскав Владимир Колоколтсев ба пайвандони Гуртская ҳамдардӣ баён кард ва аз аз онҳо барои ҷинояти содиркардаи зердастонаш маъзарат хост.
XS
SM
MD
LG