Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳбусони афғонистонӣ хостори афв шуданд


Бар асоси Қонуни афв ахиран садҳо маҳбус аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд

Бар асоси Қонуни афв ахиран садҳо маҳбус аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд

Ҷамъе аз зиндониёни афғонистонӣ, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон замони маҳкумияти худро пушти сар мекунанд, хостори расидагӣ ба вазъ ва шомили ҳоли онҳо шудани Қонуни афв шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки маҳбус ҳастанд, агар навъи ҷазои онҳо ба шароити пешбиникардаи Қонуни афв барои раҳоӣ, мувофиқат кунад, озод хоҳанд шуд, аз ҷумла шаҳрвандони Афғонистон низ.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадалӣ Ватанов, ҳуқуқдон ва вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, мегӯяд, Қонуни афв ҳатман шомили ҳоли атбои Афғонистон ва ҳар кишвари дигаре ҳам хоҳад шуд, агар онҳо дар воқеъ барои содир кардани ҷиноёти сангин муҷозот нашуда бошанд. Оғои Ватанов гуфт, ки дар банди ҳашту нӯҳи Қонуни афв бархе модаҳои Кодекси ҷиноӣ ёдовар шудааст, ки ашхоси бар асоси ин бандҳо маҳкумшуда озод намешаванд ва ё танҳо муҳлати ҷазояшон кам мешавад.

Аммо бархе аз шаҳрвандони Афғонистон бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум шудаанд, ки табъан афв намешаванд. Вале афроде аз онҳо, ки ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир накарданд, озод хоҳанд шуд. Ва ин қонун, гуфт оғои Ватанов, дар нисбати ҳама, сарфи назар табаияти шахс, як хел татбиқ мешавад.

Сафири Афғонистон дар Душанбе Сайид Муҳаммади Хайрхоҳ мегӯяд, дар мавриди истирдоди маҳбусони афғонистонӣ ба ватан музокирот идома дорад
Аммо ин дар ҳолест, ки Сайид Муҳаммади Хайрхоҳ, сафири Афғонистон дар Душанбе, мегӯянд, то кунун аз ҳеҷ мавриди озодии шаҳрвандони кишвараш аз зиндонҳои Тоҷикистон бар асоси қонуни афви ахир огоҳ нашудааст.

Оғои Хайрхоҳ гуфт, дар айни ҳол музокирот ба манзури истирдоди зиндониёни афғон аз зиндонҳои Тоҷикистон ба маҳбасҳои Афғонистон ҳамчунон идома дорад. Ва қарор аст, ӯ то рӯзи иди Қурбон ва ё баъди он бо мақомоти Тоҷикистон дар ин марвид гуфтугӯ кунад. Ӯ изҳори умудеворӣ кард, ки ин масъала дар фурсати наздик ҳалли худро пайдо кунад.

Мувофиқатнома мавриди истирдоди маҳбусон миёни вазорат ҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон дар бештар аз як соли пеш ба имзо расида буд. Бар асоси он тавофуқнома зиндониёни ду кишвар барои идомаи адози ҷазо бояд ба кишварҳои худ мунтақил шаванд.

Ба гуфтаи Сайдмуҳаммади Хайрхоҳ дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳудуди 250 нафар шаҳрвандони Афғонистон ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG