Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми қатли журналисти "ҷодугар"


Дар Арабистони Саудӣ як барандаи телевизион барои “ҷодугарӣ” маҳкум ба эъдом шуд. Шаҳрванди Лубнон Алӣ Сабот соли гузашта ҳангоми адои маросими ҳаҷ дар Макка боздошт шуда буд ва ҳукми додгоҳ дар баробари ӯ чанд рӯз пеш содир гардид.

Ба иттилои Sky News, Алӣ Сабот барои он маҳкум ба қатл шудааст, ки дар як шабакаи телевизионии Лубнон ҳаводиси ояндаро пешгӯӣ мекард ва ба тамошобинон дар марвиди чӣ гуна рафтор кардан дастур медод. Маҳкумшуда изҳор намуд, ки ҳангоми бозрасӣ аз хизмати вакили мудофеъ бархурдор набуд ва аз роҳи фиреб ӯро водор сохтанд, ки ҷодугару фолбин будани худро иқрор кунад.

Ба иттилои дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch, фақат моҳи гузашта дар Арабистони Саудӣ ду нафар бо иттиҳоми ҷодугарӣ боздошт шудаанд. Дар шаҳри Ҷидда мурофиаи додгоҳии як сокини шаҳр идома дорад, ки гӯё ба қаламрави кишвар китоберо дар бораи илми ҷодӯ ворид кардааст. Як марди дигар барои он ба додгоҳ кашида шудааст, ки ҷодуро барои ҳалли низоъҳои хонаводагӣ истифода менамуд ва зану мардҳоро бо ҳам “гарм” мекард.

Соли 2006 додгоҳи Ҷидда сокини Эритрея Муҳаммад Бурҳонро барои “ҷодугарӣ” ба 20 моҳи маҳбас ва 300 зарбаи тозиёна маҳкум карда буд. Ҳангоми кофтукоб аз ӯ китоберо бо қайдҳо бо забони тигринӣ пайдо карданд – ин забон то ҳол аз сӯи баъзе қавмҳои муқими Эритрея истифода мешавад.

Ба иттилои СММ, дар бисёр кишварҳои олам фолбину “ҷодугарҳо” маҳкум ба эъдом мешаванд. Ҷодугарӣ, аз ҷумла расман дар Ҷумҳурии Африқои марказӣ мамнӯъ эълон ва муҷозоти он эъдом муқаррар шудааст. Дар Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ, Ҳиндустон, Непал, Гана, Мозамбик, Нигерия, Ангола, Папуа-Гвинеяи нав ва дар Мексика фолбину ҷодугарҳо бидуни ҳукми додгоҳ ва аз сӯи мардум муҷозот мешаванд.

Тобистони соли равон муаллифи як гузориши вижаи Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи башар Филипп Олстон гуфта буд, ки дар Танзания ҳамасола тақрибан ҳазор зани гумонбар дар ҷодугарӣ ба қатл мерасанд.
XS
SM
MD
LG