Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ал-Рабия: Зойирин ба зукоми хук мубтало нахоҳанд шуд


Вазири ҳифзи сиҳати Арабистон саъудӣ Абдулло Абдулазиз Ал-Рабия изҳор намуд, ки мақомоти кишвар ба хотири ҷилавгирӣ аз хуруҷи маризии “зукоми хук” миёни зойирин аз тадобири шадид кор гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳам табибони маҳаллӣ ва ҳам бемористонҳо барои ҷилавгирӣ аз ин бемории қаттол комилан омодаанд. Охири ҳафтаи гузашта дар бораи даргузашти дастикам чаҳор тан зойирин бар асари ин маризӣ иттилоъ расида буд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, соли равон ба далели афзоиши нигарониҳо аз имкони хуруҷи маризии "зукоми хук" теъдоди зойирин коҳиш ёфтааст.
Маросими иҷрои ҳаҷи акбар дар шаҳрҳои муқаддаси Маккаву Мадина имрӯз шурӯъ шуд. Ин маросим се рӯз идома хоҳад кард ва рӯзи ҷумъа, бо таҷлил аз Иди Қурбон, ба поён мерасад. Соли равон тақрибан дувуним миллион зойирин барои иҷрои фароизи ҳаҷ вориди Макка шудаанд. Ба иттилоъи вазорати фарҳанги Тоҷикистон, соли равон 5300 тан аз шаҳрвандони кишвар ба ҳаҷ рафтаанд.
XS
SM
MD
LG