Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирофи рекорди варзишгар пас аз 73 сол


Бозиҳои олимпии соли 1936 дар Олмон бо ҳузури Ҳитлер сурат гирифт. Ҳитлер мехост дар ин сабқат нишон диҳад, ки нажоди ориёӣ дар варзиш беҳтарин аст
Бозиҳои олимпии соли 1936 дар Олмон бо ҳузури Ҳитлер сурат гирифт. Ҳитлер мехост дар ин сабқат нишон диҳад, ки нажоди ориёӣ дар варзиш беҳтарин аст

Иттиҳодияи варзиши сабуки Олмон рекорди варзишгари 95-солаи яҳудиро, ки дар арафаи бозиҳои олимпии соли 1936 дар даврони Ҳитлер аз эътибор соқит шуда буд, ба расмият шинохтааст.

Ба қавли Иттиҳодия ин иқдом хисороти варзишгари 95-сола Гретел Бергманро ҷуброн намекунад, вале ба ҳар ҳол ин амал як рамзи эътирофи дастовардҳои хонум Бергман хоҳад буд, ки солҳои сиюми қарни гузашта баландтарин садҳоро дар сабқати ҷаҳиш ба баландӣ фатҳ намудааст.

Соли 1934 замоне, ки Ҳитлер сари қудрат омад, Бергман Олмонро тарк намуда, ба Британия кӯч баст. Дар ҷараёни омодагиҳо ба бозиҳои олимпии соли 1936, ки мебоист дар пойтахти Олмон - шаҳри Берлин барпо шавад, режими фашистӣ хавф дошт, ки ИМА аз ширкат дар олимпиадаи Берлин даст мекашад.

Ҳитлер мехост дар ин сабқат ҳамаро мағлуб намуда, нишон диҳад, ки нажоди ориёӣ беҳтарин аст. Пайравони Ҳитлер муваффақ шуданд, ки бо ваъдаи ширкат дар олимпиада варзишгар Бергманро ба Олмон баргардонанд.

Баъди бозгашт ба Олмон Бергман дар мусобиқаи ҷаҳиш ба баландӣ рекорди нави Олмонро гузошта умедвор буд, ки дар бозиҳои олимпӣ аз ин кишвар намояндагӣ мекунад. Аммо вақте ки ҳайати мунтахаби олимпии ИМА савори киштӣ озими Олмон шуд, фашистон рекорди Бергманро лағв намуда, ӯро аз мунтахаби кишвар хориҷ карданд.

Чанде пеш дар сӯҳбат бо хабарнигорон хонум Бергман гуфт, ман мехостам, медали тилло касб намуда, ба аҳли олам собит кунам, ки яҳудиён афроди ваҳшатноки фарбеҳу танбал нестанд.

Хулоса, дар соли 1937 хонум Бергман бо муодили чор доллари амрикоӣ дар ҷайбаш ба Амрико ҳиҷрат намуд. Ӯ дар Амрико бо Бруно Ламберт издивоҷ намуда, бо номи Маргарет Бергман-Ламберт чандин соли дигар дар мусобиқаҳо ширкат варзид.

Дар олимпиадаи соли 1936 аз тарафи Олмон ду варзишгар Элфрида Каун ва Дора Райен ҳунарнамоӣ намуда, ҷойҳои сеюму чорумро ишғол карданд. Баъдан маълум шуд, ки Ратйен мард будааст. Ва аммо даро мусобиқаи ҷаҳиш ба баландӣ варзишгари маҷорӣ хонум Иболя Касак медали тиллои бозиҳои олимпии Берлинро ба даст овард, ки ба гуфтаи хонум Бергман яҳудӣ буд.

XS
SM
MD
LG