Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Google" аксҳои ёдгориҳои нодири Ироқро нашр мекунад


Ширкати амрикоии “Google”, ки маъруфтарин дар ҷаҳон системи ҷустуҷӯи интернетиро дар ихтиёр дорад, аксҳои ҳама ёдгориҳои осорхонаи миллии Ироқро дар саҳифаҳоияш ҷой хоҳад дод. Раиси ширкат Эрик Шмидт изҳор намуд, ки аз авоили соли оянда миллиардҳо нафар метавонанд аз тариқи “Google” бо беш аз 14 ҳазор аксҳои осорхона ва ёдгориҳои нодири он ошно шаванд.
Рӯзи сешанбе Эрик Шмидт ҳамроҳ бо сафири ИМА дар Бағдод Кристофер Ҳилл аз осорхонаи миллии Ироқ дидан кард. Ин осорхона солҳои тулонӣ баста буд. Соли 2003 баъд аз шикасти режими Саддом Ҳусейн ҳазорҳо ёдгориҳои нодир аз ин осорхона ба яғмо рафтанд.
XS
SM
MD
LG