Пайвандҳои дастрасӣ

Додситон хостори ҳабси тулонии раиси пешини маҳбас шуд


Дар мурофиаи додгоҳии раҳбарони “кхмерҳои сурх” дар Камбоҷа додситон хостори барои 40 сол маҳкум ба зиндон кардани раиси пешини маҳбаси “Туол Сленг” дар Пномпен Канг Кек Иеу шуд. Интизор меравад, додгоҳи низомӣ, ки таҳти сарпарастии СММ фаъолият мекунад, ҳукми худро авоили соли оянда эълон намояд. Дар маҳбаси “Туол Сленг” дар нимаи дуввуми солҳои 70-ум ҳазорҳои нафар мавриди шиканҷа қарор гирифта ва кушта шудаанд. Канг Кек Иеу дар мурофиаи додгоҳӣ гуфт, ки маҷбур буд амри раҳбари вақти кишвар Пол Потро иҷро кунад, дар акси ҳол худаш кушта мешуд.
Ба иттилоъи расмӣ, тайи чаҳор соли қудрати режими Пол Пот дар Камбоҷа тақрибан 2 миллион нафар ваҳшиёна кушта шуданд. Қарор аст боз чаҳор тан аз раҳбарони пешини “кхмерҳои сурх” мавриди муҳокимаи додгоҳи низомӣ қарор бигиранд.
XS
SM
MD
LG