Пайвандҳои дастрасӣ

Обама тасмим оид ба Афғонистонро ба зудӣ эълон мекунад


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, таъйид кард, ки рӯзҳои наздик стратегияи ҷадид дар қиболи Афғонистонро эълон хоҳад кард. Зимни суханронӣ дар Вошингтон, ӯ гуфт, ки Кохи Сафед мехоҳад амалиётро ба анҷом расонад ва гурӯҳи террористии “Ал-қоида”-ву ҳампаймонҳояшро шикаст диҳад. Ва аммо Обама аз ошкор кардани ҷузъиёти бештар дар ин мавзӯъ худдорӣ намуд.
Дар ҳамин ҳол бархе расонаҳои амрикоӣ бо такя ба манобеъи худ дар Пентагон навиштаанд, ки, ба эҳтимоли ғолиб, раисиҷумҳур дар мавриди интиқоли то 35 ҳазор афсару сарбози иловагӣ ба Афғонистон барои таҳкими амалиёт алайҳи “Ал-Қоида”-ву ҷунбиши “Толибон” тасмим хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG