Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон тасмими Узбакистонро "сиёсӣ" номид


Мақомоти Тоҷикистон хурӯҷи Узбакистон аз системаи воҳиди таъмини нерӯи барқи Осиёи Марказиро “тасмими сиёсй” хонданд. Дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе муовини сарвари раёсати Ҷомеъаи Ҳамсуди вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон Хусрав Ғойибов гуфт, ки “ҳар кишвар бо назардошти манофеъи худ дар тасмимгирӣ оид ба ширкат дар созишҳои байнулмилалӣ соҳиб ихтиёр аст” ва аммо “аз ин гуна тасмимҳо набояд ба дигар кишварҳо осеб расад”.
Дар ин нишасти хабарӣ масъулини ширкати “Барқи тоҷик” ва вазорати энержӣ низ ширкат доштанд ва иддаои Тошканд дар мавриди "дуздии барқ" аз сӯи Тоҷикистонро бепояву бунёд арзёбӣ карданд. Яке аз масъулини “Барқи тоҷик” Сергей Ткаченко изҳор намуд, ки “Тоҷикистон дар посух ба тасмими Узбакистон алайҳи ин кишвари ҳамсоя аз ягон чора кор нахоҳад гирифт”. Ӯ афзуд, баъд аз хуруҷи Тошканд аз системаи воҳиди таъмини нерӯи барқи Осиёи Марказӣ, нерӯгоҳҳои Тоҷикистон бояд бо нерӯи бештар фаъолият кунанд, то мардум ва корхонаву муассисаҳо бо барқ таъмин бошанд. Ба иттилоъи ширкати “Барқи тоҷик”, ҳарчанд Тошканд эълом дошт, ки аз системи воҳид шурӯъ аз 1 декабр хориҷ мешавад, дар асл аз охири моҳи гузашта аз ин сохтори минтақаӣ берун шудааст.
Ду рӯз пеш сафири Узбакистон дар Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфта буд, ки хуруҷи кишвараш аз системаи воҳиди таъмини нерӯи барқи Осиёи Марказӣ “тасмими иҷтимоии дохилии Узбакистон аст”.
XS
SM
MD
LG